ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА


ХАБАРҲО

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2017

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем.

Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.

Барои ин, мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем.

Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем.

муфассал дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон