ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

КАФЕДРАҲО ⇒ Кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ

Таърихи таъсисёбии кафедра
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, пайдо шудани шаклҳо ва муносибатҳои нави хоҷагидорӣ дар шароити муосир тақозои пайдо ва ҷорӣ намудани шаклу усулҳои нави идоракунии давлатиро дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ ва минтақаҳои он тақозо менамояд. Гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон низ механизмҳои идоракунии давлатии худро мувофиқи дигаргуншавиҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дохилӣ дигаргун созад. Дар ин замина аз соли 1994-ум дар давраҳои азнавсозиҳои институтсионалӣ давлат ба гузаронидани ислоҳоти сохторҳои давлатӣ ва мукаммалгардонии амалкарди онҳо диққати махсус дод. Баъди қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллӣ» соли 2004-ум ва баъдан соли 2009-ум қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» қабул карда шуда буд ва бо мақсади самаранок сариштасозии низоми идоракунӣ дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ мақомоти марказии Ҳокимияти давлатӣ дар шакли намояндагии субъекти давлатӣ мукаммал гардонидашуда, фаъолият доранд. Дар натиҷа барои тайёркунии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ба хусус хизматчиёни давлатӣ зарур омад, ки базаи илмие омода карда шавад, ки дар оянда барои ташкили муассисаи таълимӣ заминагузор бошад. Бо ҳамин мақсад 10-уми ноябри соли 2009 дар пояи факултети иқтисод ва идораи ДМТ бо ташаббуси Фонди байналмилалӣ-ҷамъиятии «Сорос» кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ аз рӯи ихтисоси 26010101 идоракунии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ ташкил карда шуда буд. Ҳайати омӯзгорони кафедра
Аз соли 2009-ум то аввали соли 2013-ум вазифаи мудири кафедраро н.и.и., дотсент Алиева Г.Ш. ба уҳда доштанд. Дар ин давраҳо муаллима барои пешрафти равияи илмӣ-методӣ заҳматҳои назаррас кардаанд. Қобили қайд аст, ки муаллима тавонистааст, барои устуворсозии базаи илмӣ-методии кафедра устодони болаёқатро аз ҷумла д.и.и., профессор Комилов С.Ҷ, н.и.и. Мамадалиев Ф. ва устодони ҷавон ассистент Абдуева С.З., Мавлонов А.И. ва Аҳмадов Р.Р. -ро ба кор ҷалб намояд. Барои беҳдошти шароитҳои таълимии донишҷӯёни кафедра бо дастгирии Фонди байналмилалӣ-ҷамъиятии «Сорос» синфхонаи компютерӣ бо шабакаи интернет муҷаҳазгардида ташкил ва ба истифода дода шудааст. Дар кафедра шакли таълим тибқи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Аз 29.09.2014 то 21.07.2017 н.и.и. Тағоев Б.Д. вазифаи мудири кафедраро ба уҳда дошт. Робитаҳои илмии кафедра
То имрӯз кафедра тавонистааст муносибатҳои илмии худро бо як қатор корхонаву муассисаҳои илмӣ-амалии давлатӣ барқарор намояд. Аз ҷумла соли 2010-ум бо ташаббуси мудири кафедраи онвақта н.и.и., дотсент Алиева Г.Ш. бо институти хизматчии давлатии ҶТ шартнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ баста шуда буд. Инчунин дар робита бо сохторҳои идоракунандаи давлатии дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ қарор дошта, муносибатҳои илмӣ-таҷрибавӣ барқарор карда шуда истодааст, ки мақсад аз сайқалдиҳии дониши назариявии донишҷӯён дар давраҳои таҷрибаомӯзии онҳо мебошад. Бо ташаббуси раёсати донишгоҳ Мирбобоев Р.М., роҳбарияти факултет Солиев А.А. ва Алиева Г.Ш. инчунин як қатор мутахассисони дигари соҳа моҳи ноябри соли 2011 ба Донишгоҳи давлатии Урал-и шаҳри Екатеринбурги ФР ба сафари хизматӣ рафта буданд, ки ин ба устуворшавии муносибатҳои илмии кафедра бо донишгоҳҳои хориҷӣ заминаи асосӣ гузошт. Корҳои илмӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷӯён ва устодони ҷавон
Бо мақсади беҳтаргардонии сатҳи фарҳангӣ ва боло бардоштани тарбияву аҳлоқи ҳамидаи донишҷӯён дар кафедра соатҳои тарбиявӣ дар сарбории кафедра ба нақша гирифта шудааст. Устодони вобастакардашуда пайваста бо волидайни донишҷӯёни кафедра дар робита буда, одобу ахлоқ ва тартибу интизоми онҳо ҳамеша назорат карда мешавад. Илова бар ин дар чорабиниҳои ободонии дохилидонишгоҳӣ, аз ҷумла шанбегиҳо саҳми худро мегузоранд. Инчунин кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки донишҷӯёнро ба корҳои созандагиву фарҳангӣ ҷалб намоянд. Боиси қайд аст, ки дар кафедра Ҷамъияти илмии донишҷӯён фаъолият мекунад. Донишҷӯёни аъзои ин ҷамъият пайваста дар чорабиниҳои илмӣ-назариявии факултет, донишгоҳ ва берун аз он иштирок мекунанд. Устодони кафедра барои ҷалби бештари донишҷӯён ва устодони ҷавон дар давоми солҳои хониш дасрҳои кушод мегузаронанд, ки аз он донишҷӯёни фаъол ва устодони ҷавон баҳрабардорӣ менамоянд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки айни замон низоми таҳсил барои донишҷӯёни кафедра ба таври кредитӣ дар шакли шуъбаи рӯзона бо муҳлати таҳсили 4-сола ба роҳ монда шудааст, ки дар он 100 нафар донишҷӯ таълим дода, аз рӯи ихтисоси 26010101- идоракунии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ мутахассис омода карда шуда истодааст. Инчунин аз рўйи зинаи магистратура низ мутахассисон омода мегарданд. Бо мақсади беҳтар намудани шароитҳои таҳсили донишҷӯён бо ташаббуси Фонди байналмилалӣ-ҷамъиятии «Сорос» дар кафедра китобхонаи тахассусӣ ташкил карда шудааст. Аспирантура ва такмили ихтисос
Дар кафедра шуъбаи аспирантура низ фаъолият мекунад, ки дар он 4-нафар аспирантҳо дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона, инчунин унвонҷӯён таҳсил карда дар мавзӯъҳои марбутаи кафедра тадқиқотҳои илмии худро пеш бурда истодаанд. Ғайр аз ин 2 нафар унвонҷӯ аз Ҷумҳурии исломии Эрон бо роҳбарии профессор Комилов С.Ҷ. ва н.и.и., дотсент Алиева Г.Ш. дар мавзӯъҳои мухталифи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ дар мисоли ҶИЭ кори тадқиқотӣ бурда истодаанд. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки кафедра дар муддати кӯтоҳ тавонистааст аспирантони хориҷиро низ барои таҳсил ҷалб кунад. Ҳарсола устодони ҷавони кафедра барои баланд бардоштани савияи дониш, мукаммалгардонӣ ва такмили таҷрибаи кории худ ба шуъбаи такмили ихтисоси донишгоҳ ва як қатор донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия равон карда мешаванд. Корҳои илмӣ-методии устодони кафедра
Бо мақсади устуворсозии базаи илмӣ-тадқиқотии кафедра бо дастаҷамъии устодони кафедра нақшаи илмӣ-методӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташаккул ва тараққиёти идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ дар шароити иқтисодиёти муосир» омода карда шудааст. Устодони кафедра дар мавзӯъҳои алоҳидаи нақшаи илмӣ-тадқиқотии кафедра дар чорабиниҳои илмӣ-амалии дохилидонишгоҳӣ ва берун аз он маърӯза намуда, дар маҷаллаҳои илмии Федератсияи Россия мақолаҳои илмии худро аз чоп мебароранд. Инчунин мувофиқи равияи тахассусии кафедра ҳамасола чорабиниҳои илмӣ-амалӣ-мизи мудаввар, семинар ва конфронсҳои илмӣ-назариявӣ гузаронида мешавад.
Нақшаи таълимии кафедра фарогири 16 фанни тахассусӣ ва 5 фанни интихобӣ таълим дода мешавад, ки ба пуррагӣ фарогирандаи доираи илмҳои муҳими тайёркунии мутахассисони мақомотҳои идоракунандаи давлатӣ ва маҳаллӣ мебошад. Устодони кафедра ҳамасола барномаҳои таълимии фанҳои ихтисосии кафедраро мувофиқи талаботҳои таълимии замонавӣ омода намуда, теъдоди маводҳои нашриро ба хусус китобҳои дарсӣ ва дигар воситаҳои таълимии кафедраро зиёд менамоянд.

Раҷабов Қаюмҷон Қудратуллоевич
Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 2008-2009 ассистенти кафедраи иқтисоди миллии факултети иқтисод ва идораи ДМТ. Солҳои 2009-2011 аспиранти шуъбаи рӯзонаи ДМТ. Солҳои 2012-2017 дар вазифаҳои муаллими калон, дотсенти кафедраи иқтисоди миллӣ ва муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети иқтисод ва идораи ДМТ фаъолият кардааст. Раиси Шӯрои илмию методии факултети иқтисод ва идора мебошад. Аз моҳи апрели соли 2018 тибқи озмун ба вазифаи мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ интихоб шудааст.
Рӯзи қабули донишҷӯён:
Сешанбе ва Панҷшанбе (аз с. 9.00 то 16.00),
Телефон: 223-05-12 (корӣ).
Е-mai: radzhabov.2008@mail.ru

Номгуи фанҳои таълимӣ
1. Муқаддимаи ихтисос
2. Идоракунии давлатӣ
3. Асосҳои худидоракунии маҳаллӣ
4. Иқтисодиёти шаҳр
5. Назарияи идоракунӣ
6. Низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ
7. Идоракунии моликияти давлатӣ ва маҳаллӣ
8. Барномасозӣ ва банақшагирии давлатӣ
9. Хизмати давлатӣ
10. Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ
11. Идоракунии равобити иҷтимоӣ — иқтисодӣ
12. Сиёсати инноватсионии давлат
13. Шарикии давлат бо бахши хусусӣ
14. Сиёсати зиддиинҳисории давлат
15. Иқтисод ва идоракунии минтақа
16. Сиёсати иқтисодии давлат
17. Идоракунии лоиҳа
18. Идоракунии зиддибӯҳронии давлат