ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

КАФЕДРАҲО ⇒ Кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатӣ

Ташаккулу тараққиёти кафедра
Ташаккулу тараққиёти кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатӣ бо зинаҳои инкишофи таърихии факултаи иқтисодии ДМТ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Воқеъан фаъолияти кафедраи мазкурро, ки аз соли 1961 мабдаъ мегирад, ба чунин давраҳои рушду такомул ҷудо намудан мумкин аст:
- соли 1961 аз кафедраи «Иқтисодиёти соҳавӣ» кафедраи «Иқтисоди кишоварзӣ ва савдо» ҷудо шуд. Аввалин мудири кафедра Назарова Н.С. интихоб гардиданд.
-соли 1962 кафедраи иқтисоди кишоварзӣ ва савдо боз ба ду кафедраи алоҳида - кафедраи «Иқтисоди кишоварзӣ» (мудири кафедра Ҷумаев М.Д.) ва кафедраи «Иқтисоди савдо» (мудири кафедра Назарова Н.С.) ҷудо гардид. -аз соли 1963 то соли 1971 устод Севликянс Э.С. мудири кафедра интихоб гардиданд ва дар ин вазифа кор кардаанд. Дар он давра аъзоёни кафедра устодон ва аспирантҳо Абдуллоев З.Р., Суфиев С.С., Усмонов Т.У., Сангинов К.С., ҳамидова С., Шарипов М.Ш., Волинс Г.С., Ритикова Л.А., Воронина Р.А. ва дигарон буданд.
-аз солхои 1972 то соли 1982 мудирии кафедраро Абдулоев З.А.ба ӯҳда доштанд. Дар ин солхо дар кафедра н.и.и. Суфиев С.С., ҳамидова С., Гадоев Н.Г., Шарипов М.Ш., Ритикова Л.А., Воронина Р.А., Сатторов М.С. фаъолият доштанд. -аз соли 1982 то соли 1992 масъулияти мудирӣ бар дӯши номзадии илми иқтисод, дотсент Гадоев Н.Г. буд. Дар ин давра дар кафедра ҳамидова С., Сатторов М.С., Суннатов М.С., Қурбонов Т.Қ., Ритикова Л.А., Бердиева Н.С., Ғаниев Т.Б., Одинаев Ҳ.А. фаъолият доштанд.
-аз соли 1993 то соли 2005 вазифаи мудири кафедраро д.и.и., профессор ғаниев Т.Б. иҷро карданд. Соли1996 кафедра «Иқтисод ва идораи КАС» номгузорӣ карда шуд. Дар ин давра дар кафедра Абдуллоев З.Р., ҳамидова С., Сатторов М.С., Раҳимов А., Одинаев ҳ.А., Исайнов Ҳ.Р., Давлатов Қ.Қ., Шералиев Э.Н., Тағоев Ҷ.Ҳ., Бердиева Н.С., Муқимова З.Ф., Маҳмадиев И.М., Раҳимов О.А., Ортиқова Х.З., Исмоилова Х.С., Сайфиддинова С., Ахмедов Р.Р., Фасихов И.С. дар кафедра фаъолияти илмиву омӯзгорӣ доштанд.
-аз моҳи декабри соли 2005 то августи соли 2006 д.и.и., профессор қодиров Д.Б. иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра буданд.
-аз моҳи феврали соли 2007 то 2017 номзади илми иқтисод, дотсент Тағоев Ҷ.Ҳ. вазифаи мудирии кафедраро бар дӯш доштанд.
-аз моҳи июли соли 2017 номзади илми иқтисод, дотсент Раҳимов О.А., иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро бар ӯҳда доранд. Дар кафедра раванди таълимӣ пайваста сайқал дода шуда, шумораи омӯзгорони унвондор афзуда истодааст. Дар ин давра дотсентҳо Исайнов Ҳ.Р., Давлатов Қ.Қ. рисолаи докторӣ ва ассистентҳо Нуралиев А.Н., Саидов С.С. рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд. Дар кафедра таҳти роҳбарии устодони варзида - д.и.и.,профессор ғаниев Т.Б., доктори илмҳои иқтисод, профессор Одинаев Ҳ.А., доктори илмҳои иқтисод, профессор Давлатов Қ.Қ., доктори илмҳои иқтисод, профессор Воҳидов В.В., номзади илмҳои иқтисод, дотсентҳо Шералиев Э.Н.,Тағоев Ҷ.Ҳ., Раҳимов О.А. ва аспирантҳои ватанию хориҷӣ фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таълимӣ мебаранд.
Айни замон ҳайати штатии кафедраро доктори илмҳои иқтисод, профессор Одинаев ҳ.А., дотсентҳо, Тағоев Ҷ.Ҳ., Раҳимов О.А., Саидов С.С. ассистентҳо Маҳмадиев И.М., Исмоилова Х.С., Бахтиёри И, қаландарзода Н, Файзуллоев Т, Сатторова И ташкил медиҳанд.
Равшану возеҳ аст, ки дар тӯли фаъолияти солиёни зиёди кафедра, ҳарчанд омӯзгорон ва коргарони он тағйир ёфта бошанд ҳам, вале кафедра мисли пештара анъанаҳои худро гум накарда, мақоми худро баланд бардошта, таъсири рӯҳафзои худро дар инкишофи илм, тараққиёти истеҳсолот, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос гузошта истодааст.