ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

КАФЕДРАҲО ⇒ Кафедраи иқтисоди миллӣ

Таърихи таъсисёбии кафедра
Ихтисоси 26010301 - «Танзими давлатии иқтисоди миллӣ», ки дар пояи кафедраи иқтисоди миллӣ ба омода намудани мутахассисон аз рӯи дараҷаи мутахассис, бакалавр ва магистр фаъолият мебарад, яке аз кафедраҳои бунёдӣ (фундаменталӣ) ба ҳисоб меравад. Босабаби оне, ки ихтисоси дар пояи кафедраи иқтисоди миллӣ фаъолият намуда, яке аз ихтисосҳои доираи фарогирии самти фаъолияташ васеъ ба ҳисоб меравад, аз ин хотир мутахассисоне, ки ин кафедраро хатм менамоянд, ҳуқуқи дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҶТимоӣ-иқтисодӣ ва маъмурӣ-идоравии ҷумҳурӣ кору фаъолият карданро соҳибанд.
Кафедраи иқтисоди миллӣ ҳанӯз дар соли 1965 бо номи кафедраи банақшагирии хоҷагии халқ таъсис ёфта буд. Номи ҳозираи худро кафедра соли 1992 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ соҳибгаш-тааст. Роҳбарии кафедраро таи солҳои 1965-1971 А.М.Соломонов, солҳои 1971-1982 профессорон А.Ҳ.ҳакимов ва солҳои 1982-1987 Ли. В.Ф. ба зимма доштанд. Инчунин солҳои 1987-2009 низ А.Ҳ.ҳакимов роҳбарии кафедраро ба ӯҳдаи худ доштаанд. Аз соли 2009 то инҷониб вазифаи мудири кафедраро профессор Ҳ.Р. Исайнов ба ӯҳда доранд. Шурӯъ аз солҳои 70-уми асри гузашта то айни ҳол устодони кафедра А.Ҳ.ҳакимов, З.С.Султонов, Д.С.Лоҳутшо, Т.Г.Шодиева, М.К.Усмонова, Ю.В.Елманов, Муҳаммад Алъам Бозгор (ҷИА), Х.Боту-ров, Д.Б.қодиров, Х.М.Давлатов, Ф.М. Муминова, Б.Д. Тағоев, М.И. Садриддинов, Қ.Қ Раҷабов, Д.М. Набиева рисолаҳои номзадӣ ва баъзе аз эшон рисолаҳои докторӣ (аз он ҷумла А.Ҳ.ҳакимов ва Д.Б.қодиров) низ ҳимоя кардаанд. Солҳои зиёд профессорон А.Б.Бойматов, Р.К.Раҳи-мов, Я.Г.Бронштейн, Ч.Х.Каримов, А.Х.Катаев, дотсентон Ф.Ф.Фатҳул-лоев, М.Р.Бобоев, И.М.Клеандров, Р.М.Раҷабов, И.А.Асроров, Л.И.Ми-хайлушкина, Ю.А. Наҷмиддинов, Н. Бобоҷонова ва ғ. дар ҳамкорӣ бо устодони кафедра робитаи қавиро дар пешрафти фаъолияти илмиву таълими кафедра вогузоштаанд. Айни ҳол, дар кафедра ҳайати устодони зерин ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ фаро гирифта шудаанд: Исайнов Ҳ.Р. -д.и.и., профессор, мудири кафедра, Усмонова М.К. - н.и.и., дотсент, Муминова Ф.М. - н.и.и., дотсент, Раҷабов Қ.Қ. - н.и.и., дотсент, Набиева Д.М. - н.и.и., Сафаров А.Ҳ. - ассистент, Чоршанбиев С.Р. - ассистент, Содиқова Ш.К. - ассистент, Содиқов қ.А. -ассистент, Зардова З. - ассистент.
Кафедра робитаи зиччи ҳамкориро (тариқи бастани шартномаҳои дуҷониба) бо донишгоҳу институтҳои илмиву таҳқиқотии бонуфузи Федератсияи Россия- факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии ба номи М.В. Ломоносови ш.Москва, факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии ш. Новосибирск, кафедраи ҳуқуқи рақобатпазирӣ ва танзими зиддинҳисории «Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал» ва Донишгоҳи давлатии аграрии ба номи К.А. Тимирязеви ш. Москва ба роҳ мондааст.
Инчунин лозим ба ёдоварист, ки кафедра ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти амалисозии лоиҳаҳои фармоишӣ, татбиқи корҳои илмиву таҳқиқотӣ, гузаронидани чорабиниҳои илмиву таълимӣ ва ба сифати муассисаҳои пешбар дар рафти ҳимояи рисолаҳои илмӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла бо Институти иқтисодиёти кишоварзии АИКҶТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур, Пажуҳишгоҳи проблемаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИҶТ, Ташкилоти давлатии «Таджик НИИГиМ», Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Исайнов Ҳисайн Раҳимович
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи "Иқтисоди миллӣ" соли 1995 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст. Солҳои 2005-2007 таҳсил дар шӯъбаи докторантураи Академияи ба номи К.А. Тимирязеви шаҳри Москваи Федератсияи Россия, ш. Москва. Солҳои 2008-2009 доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисоди миллии ДДМТ, ш. Душанбе. Аз апрели соли 2009 то ҳол мудири кафедраи иқтисоди миллии ДМТ, ш. Душанбе.
Рӯзи қабули донишҷӯён: Сешанбе ва Панҷшанбе (аз с. 9.00 то 16.00),
телефон: 221-17-55(корӣ).
Е-mailisain@mail.ru.
Elibrary SPIN-код: 7004-2560

Номгӯи фанҳои кафедра
1. Иқтисоди миллӣ.
2. Иқтисоди соҲаҳои хизматрасонӣ.
3. Асосҳои бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ
4. Макроиқтисод. (курси комил)
5. Идоракунии иқтисоди миллӣ
6. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити бозор.
7. Бозори коғазҳои қимматнок
8. Танзими давлатии иқтисоди миллӣ.
9. Арзёби иқтисодии сармоягузорӣ.
10. Иқтисоди амволи ғайриманқул
11. Инфрасохтори иқтисоди миллӣ.
12. Ояндабинии иқтисоди миллӣ.
13. Низоми счётҳои миллӣ ва балансҳои иқтисодӣ.
14. Усулҳои тадқиқот ва моделсозии инкишофи иқтисоди миллӣ.
15. Иқтисоди бахши ҷамъиятӣ.
16. Иқтисоди бозори соҲавӣ.
17. Банақшагирии стратегӣ.
18. Сохтори иқтисоди миллӣ.
19. Идоракунӣ ва банақшагирии минтақа.
20. Иқтидорҳои иқтисоди миллӣ
21. Иқтисоди инноватсионӣ
22. Назарияи банақшагирии индикативӣ
23. Идоракунии инфраструктураи шањрӣ
24. Сиёсат ва стратегияи нархгузорӣ
25. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ
26. Муаммоҳои хусусигардонии моликияти давлатӣ
27. Сиёсати зиддинҳисорӣ
28. Иқтисодиёти хоҷагии хонавода

Маводҳои нашршудаи устодони кафедра
1. Исайнов Ҳ.Р. Эколого-экономические основы повышения эффек-тивности мелиорации в сельском хозяйстве (теория, методология и практика). Монография. - М.: ФГОУП ВПО РГАУ_МСХА им. К.А. Тимирязева, 2007. -223 с.
2. Исайнов Ҳ.Р. Бозори коғазҳои қиматнок. Воситаи таълимию методӣ. - Душанбе, 2012. -108 с.
3. Исайнов Ҳ.Р. Иқтисоди миллӣ. Китоби дарсӣ. - Душанбе: Ирфон 2018. - 614 с. (дар чоп аст).
4. Маҷмуаи барномаҳои таълимӣ аз фанҳои ихтисоси 26010301- «Танзими давлатии иқтисоди миллӣ». (қисми I). - Душанбе, 2012. - 448 с.
5. Маҷмуаи барномаҳои таълимӣ аз фанҳои ихтисоси 26010301- «Танзими давлатии иқтисоди миллӣ». (қисми II). - Душанбе, 2014. - 286 с.
6. Садриддинов М.И., Ершов Ю.С., Малов В.Ю. Оценка значи-мости водных ресурсов Республики Таджикистан (монография). - Новосибирск: Изд-во ИЭОПП СО РАН, 2017. -140 с.
7. Раджабов К.К., Ходиев Д.А. Свободные экономические зоны Таджикистана: проблемы и перспективы развития (монография). -Душанбе: Сино, 2017. -138 с.
8. Ҳакимов А.Ҳ., Каримова М.Т., қодиров Д.Б., Шодиева Т.Ғ., Муминова Ф.М. Иқтисод ва идоракунии минтақа. Китоби дарсӣ, - Душанбе: «Деваштич», 2002. - 276 с.
9. Ҳакимов А.Ҳ. Ташкили идораи иқтисоди миллӣ. Воситаи таъ-лим. - Душанбе: Ирфон, 2005. - 416 с.
10. Ҳакимов А.Ҳ. Иқтисоди миллӣ: асосҳои бехатарӣ ва рақобат-пазирӣ. Воситаи таълим барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ. - Душанбе: «Ирфон», 2007. - 488 с.
11. Ҳакимов А.Ҳ. Раҷабов Қ.Қ. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ. Китоби дарсӣ. - Душанбе: Ирфон, 2009. - 467 с.