ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

КАФЕДРАҲО ⇒ Кафедраи менеҷмент ва маркетинг

Таърихи таъсисёбии кафедра

Кафедраи менеҷмент ва маркетинг соли 1991 бо номи кафедраи идоракунии хоҷагии халқ ва маркетинг таъсис дода шудааст. Соли 1995 ҳамчун кафедраи менеҷмент ва маркетинг номгузорӣ шуд. Аз рӯзи ташкилшавӣ то соли 2011 мудирии ин кафедраро профессор Г.Б. Бобосодиқова ба ӯҳда доштанд. Солҳои 2011-2012 мудирии кафедраро марҳум Ёров М.Р., солҳои 2012-2017 н.и.и., дотсент ҳодиев Д.А. ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи августи соли 2017 инҷониб мудирии кафедра ба зиммаи н.и.и., дотсент Муҳсинов Д.С. гузошта шудааст. Дар ин кафедра проф., Б. Наврӯззода, дотсентон Н. Н. Носиров, Ф.З. Аралбаева, Т.К. Қурбонов, Г.Ш. Алиева, Н. Муҳитдинов, номзадони илм М. Назриев, Ф.З. Ёров, дотсент И.З. Сарабекова кор кардаанд. Дар солҳои минбаъда сафи устодони кафедраро профессорон А. Рауфӣ, Р.Р. қудратов, дотсетон А. Олимов, К. Шамсиев, А. ҳайдаров, ассистентон А. Бугаева, Б. Саидов, С. Хоркашев, М. Қаноатова, И. Муҳаммадиев, Б. Дӯстов, Ҳ. Авзалов, М. Каримов, М. Мирҷамолов, Ҳ. Наҷибуллоев, Н. Нидоев, Н. Каримова, Ш. Абдуллоева, Ф. Раҷабова, М. Азизова, Ш. Шоёқубов, Д. қодиров, Б. Раҳимов, Х. Шарипова, Б. Файзуллоев, А. қурбонов, Б. Раҷабмурод, З. Тоҷиддин, Ф. Махкамов, Б. ҷалилов ва Н. Беҳрӯз пурра карданд. ҳоло дар кафедра 2 профессор, 5 номзади илм, 11 ассистент, 7 аспирант, 5 унвонҷӯ ва 5 доктори PhD ба кору фаъолият машғуланд. Дар солҳои охир Р. Эргашев, А. ҳайдаров, Ф. Садриддинов, И. Гуршумов, М. ҳикматов, И. Сарабекова, (роҳб. проф. Г. Б. Бобосодиқова) ва М. Ёров, С. ҳикматов (роҳ. проф. С. Д. Комилов), Д. ҳодиев (роҳ. проф. Нурмаҳмадов М. ва Федченко А.А.), Каҷкуллоев Х. (роҳ. проф. Низомова Т.Д.), Раҳимзода Б.К. (роҳ. проф. Раҷабов К.Р. ва дотсент Солеҳзода А.), Абдуллоева Ш.Б. (роҳ. проф. Одинаев ҳ.А.) рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя кардаанд.
Корҳои илмию-тадқиқотии кафедра дар доираи мавзӯи «Такмилдиҳии низоми идоракунии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ», механизми таъмини он ва коркарди стратегияи идоракунӣ дар сатҳи микроиқтисодӣ ва макроиқтисодӣ пеш бурда мешаванд. Устодони кафедра дар иҷроиши барномаҳои грантӣ фаъолона ширкат меварзанд. Соли 1997 барномаи «Тайёркунӣ ва азнавтайёркунии муаллимони иқтисодчӣ», ки профессор Г. Б. Бобосодиқова таҳия карда буд, аз ҷониби комиссияи экспертӣ (Белгия) ва барномаи TACIS (ЕС) маъқул дониста шуд. Бар асари ин устодони кафедра ба донишгоҳҳои ҳолланд ва Ирланд ба муддати ду моҳ ба таҷрибаомӯзӣ фиристода шуданд. Кафедра инчунин бо «Маркази байнисоҳавии рушди менеҷмент ва маркетинг», Донишгоҳи Клагенфурт РУДН ҳамкории зич дорад. Тамоми барномаҳои фанҳои таълимии ихтисоси кафедра бо нақшаи таълимии Донишгоҳ ва стандартҳои давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ кунонида шудаанд. ҳамасола аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои нави таълимӣ, дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, монографияҳо аз чоп мебароянд, ки аз дастовардҳои устодони кафедра дарак медиҳанд ва ҳам барои баландбардории сатҳи дониши донишҷӯёни ихтисоси номбурда мусоидат мекунанд. Дар ин бахш комёбиҳои илмии профессор Г. Б. Бобосодиқова, Р.Р. қудратов, дотсент Т.Қ. қурбонов, марҳум М. Ёров, дотсент Д. А. Ҳодиев, дотсент Д. С. Муҳсинов, дотсент И.З. Сарабекова, н.и.и., ассистент Ш. Абдуллоева, ассистентон Б. Дӯстов, Ҳ. Авзалов, М. Каримов, Х. Шарипова, Б. Файзуллоев, А. Қурбонов, Б. Раҷабмурод, З. Тоҷиддин, Ф. Махкамов, Б. ҷалилов ва Ниёззода Б. қобили қайд аст.


Номгуи фанҳои таълимӣ
1. Идоракунии ҳайат
2. Идоракунии ширкатҳои тиҷоратӣ
3. Коркарди қарорҳои идоракунӣ
4. Маркетинг
5. Менеҷмент
6. Менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ
7. Менеҷменти иҷтимоӣ
8. Менеҷменти навоварӣ
9. Менеҷменти сармоягузорӣ
10. Менеҷменти стратегӣ
11. Мудирияти дониш
12. Муқаддимаи ихтисос
13. Назарияи ташкилот
14. Паблик рилейшинз
15. Тадқиқотбарии системаи идоракунӣ
16. Бизнес нақшаи маркетингӣ
17. Корбарии биржавӣ
18. Корбарии реклама
19. Логистика
20. Маркетинги байналмилалӣ
21. Маркетинги иртиботӣ
22. Маркетинги стратегӣ
23. Маркетинги шабакавӣ
24. Муқаддимаи ихтисос
25. Низоми ахбори маркетингӣ
26. Рафтори истеъмолкунанда
27. Тадқиқотбарии маркетингӣ
28. Ташкил ва технологияи савдо
29. Фаъолияти тиҷоратӣ
30. Асосҳои менеҷменти инноватсионӣ
31. Бизнес-нақшаи инноватсионӣ
32. Идоракунии лоиҳаҳо
33. Идоракунии моликияти зеҳнӣ
34. Идоракунии хатар суғурта
35. Кор бо ҳайат дар менеҷменти иноватсионӣ
36. Кор бо ҳайат дар менеҷмети инноватсионӣ
37. Маркетинг дар соҳаҳои хадамот
38. Маркетинги инноватсионӣ
39. Менеҷменти стратегӣ
40. Муқаддимаи ихтисос
41. Рафтор дар ташкилот
42. Сиёсати иноватсионии давлат
43. Технологияи гуфтушунид
44. Фановариҳои иттилоотӣ дар менеҷмент
Магистратура
45. Идоракунии корпоративӣ
46. Логистикаи байналхалқӣ
47. Маркетинги байналхалқӣ
48. Менеҷменти байналхалқӣ

Маводҳои нашршудаи устодони кафедра

1. Бобосодиқова Г.Б. Асосҳои идоракунӣ ҷанбаҳои гендерӣ. Душанбе: 2011., 230саҳ.

2. Бобосодиқова Г.Б. Коркарди қарорҳои идоракунӣ (ҳолатҳои мушаххас ва тестҳо). Дастури таҷрибавӣ. Душанбе: ДМТ, 2013-53с. (3ҷ/ч).

3. Бобосодиқова Г.Б., ҳодиев Д.А., Авзалов ҳ.А. Менеҷменти амалӣ (воситаи айёнӣ ва тестҳо). Васоити таълимӣ. Душанбе: ДМТ, 2015. 60с (6,0 ҷ/ч).

4. Бобосодиқова Г.Б., ҳодиев Д.А., Дўстов Б.Т. Бахши лексияҳо аз фанни “Асосҳои менеҷмент” (қисми якум ва дуюм). Душанбе, 2015 (14ҷ/ч).

5. ҳодиев Д.А., Бахтиёри Р. Коркарди қарорҳои идоракунӣ (Васоити таълимӣ). Душанбе: ДМТ, 2017-165с.

6. Сарабекова И.З. Региональный рынок товаров длительного пользования: стратегия формирования и развития. (Монография) – Душанбе: ДМТ, 2014,141с.

7. Ёров М.Р., Каримов М.И.Асосҳои реклама: (Васоити таълимӣ) – Душанбе: «Ирфон», 2012.142с.

8. Бобосодиқова Г.Б., Дўстов Б.Т. Бахши лексияҳо аз фанни «Асосҳои менеҷмент»,. Душанбе: «Ирфон», 2006. 220с

9. ҳайати устодони кафедраи «Менеҷмен ва маркетинг». Асосҳои маркетинг (матни лексияҳо) Душанбе: «Ирфон», 2009.

10. Бобосодиқова Г.Б., Сарабекова И.З., Наҷибуллоев ҳ. Вожаномаи менеҷмент ва марктеинг Душанбе: «Ирфон», 2008.

11. Бобосадыкова Г.Б., Хикматов М.С. Теоретические основы становления дилерской деятельности в РТ и перспективы ее развития (Монография) – Душанбе: ДМТ, 2012, 141с.

12. Ходиев Д.А., Гуломреза Ф.Б., Человеческий капитал как фактор конкурентаспособности региона. (Монография) – Душанбе: «Ирфон», 2013, 102с.

13. Ходиев Д.А., Совершенствование управления человеческим капиталом в интересах инновационного развития региона. (Монография) – Душанбе: «Ирфон», 2012, 125стр.

14. Бобосодиқова Г.Б., Сарабекова И.З. Маркетинг васоити таълимӣ-методӣ барои дарсҳои амалӣ - Душанбе: «Ирфон», 2017, 192стр.