ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

КАФЕДРАҲО ⇒ Кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Таърихи таъсисёбии кафедра

Кафедра бо номи системаҳои автоматиконии коркарди ахбори иқтисодӣ соли 1983 аз ҳайати кафедраи омор ҷудо шуд. Кафедра солҳои пештар дар ҳайати факултети молиявию иқтисодӣ амал мекард. Дар назди кафедра лабораторияи «Система ва шабакаҳои коркарди ахбор» амал мекунад, ки бо компютерҳои ҳозиразамон ҷиҳозонида шудааст. Лабораторияи мазкур соли 1971 ташкил шуда буд. Вазифаи мудирии онро Раҳимов З.А. иҷро мекард.
Кафедра соли 1985 ба ҳайати факултети иқтисод ва идора ворид карда шуд. Бо назардошти талаботҳои иқтисоди бозорӣ кафедра аз соли 2004 ба таври тиҷорати ахбори байналхалқӣ номгузорӣ карда шуд.
Кафедра аз рўи ихтисоси 40010202-Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо тахассуси муҳандис-иқтисодчӣ мутахассис тайёр мекунад.
Дар ҳаёти кафедра дар тўли зиёда аз 30 соли мавҷудияташ ҷои асосиро масъалаҳои коркарди ахбори иқтисодӣ ҳамчун илм ва ҳамчун фанни таълимӣ ишғол намудааст. Ин аз коллективи кафедра на танҳо дониши чуқури назариявӣ-методологӣ ва амалиро талаб мекард, балки қобилияти ба таври фаврӣ эҳсос намудани кулли тағиротҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи компютерикунонӣ тақозо мекард. ҳамасола аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои нави таълимӣ, дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, монографияҳо аз чоп мебароянд, ки аз дастовардҳои устодони кафедра дарак медиҳанд ва ҳам барои баландбардории сатҳи дониши донишҷўёни ихтисоси номбурда мусоидат мекунанд. Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра дар доираи мавзўи «Таъмини иттилоотии рушди босуботи иқтисодиёти ҷумҳурии тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ», пеш бурда мешаванд. Устодони кафедра дар иҷроиши барномаҳои грантӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Лоиҳаи КИТ «Коркарди технологияи ҷорикунии ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон ҳамчун механизми самараноки муқовимат ба муқобили коррупсия», ба вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва ба Академияи илмҳои ҶТ пешниҳод гардид, ки қобили қабул дониста шуд.


Номгуи фанҳои таълимӣ

БАКАЛАВР
1. Муқадимаи ихтисос
2. Таҳлили дискретӣ
3. Усулҳо ва воситаҳои ҳифзи иттилоот
4. Интернет ва технологияи шабакавӣ
5. Барномасозӣ дар забони сатҳи олӣ
6. Тиҷорати электронӣ
7. Базаи маълумот ва дониш
8. Системаи амалиётӣ
9. Графикаи компютерӣ
10. Лоиҳасозии СИИ
11. Системаи интелекти сунъӣ
12. Донишҳои муҳандисӣ
13. Системаҳои ахборӣ дар иқтисодиёт
14. Технологияи иттилоотӣ дар низоми бонкӣ
15. Технологияи информатсионӣ

МУТАХАССИС
16. Шабакаҳои иттилоотӣ
17. Таҳлили дискретӣ
18. Таҳлили системавӣ
19. Идоракунии электронӣ
20. Базаи маълумотҳо ва донишҳо
21. Усулҳо ва воситаҳои ҳифзи иттилоотии компютерӣ
22. Идоракунии маълумот
23. Назарияи оптималии идоракунии СИИ
24. Технологияи иттилоотии муосир
25. Технологияи барномасозӣ
26. Моделсозии раванди макроиқтисодиёт
27. Менеҷменти иттилоотӣ
28. Маркетинги иттилоотӣ

МАГИСТИР
29. Бехатарии иттилоот ва ҳимояи маълумот
30. Асосҳои таъмини амнияти иттилоотӣ
31. Назарияи равандҳои иттилоотӣ
32. Системаҳои иттилоотии идоракунии корпоративӣ
33. Технологияи интернетӣ дар идора
34. Базаи додаҳои шабакавӣ
35. ҳукумати электронӣ
36. Тиҷорати электронӣ

Маводҳои нашршудаи устодони кафедра

1. Мирзоев А.М., Мирзоев Н.Ҳ., Мўҳсинов Д.С., Шамсов И.С., Сатторов А. Технологияи информатсионии муосир. Курси лексия. Душанбе, 2009. 152с.

2. Содиқова М.О., Шамсов И.С., Раҷабов Ҳ.Ҳ. Усулҳои истифодабарӣ аз интернет. Китоби дарсӣ. Душанбе- 2010. 127 с.

3. Норов Х.Ғ. Развитие механизмов управления водопользованием в сельском хозяйстве.Монография. Душанбе-2012. 147 с.

4. Раҳимов З.А., Раҳимов Ф.С. Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт. (васоити таълимӣ) Душанбе «Ирфон» 2012. 314 с.

5. Раҳимов З.А., Раҳимов Ф.С., Хоркашев И.С. Молияи корхона ва технологияи нави иттилоотӣ. (васоити таълимӣ)Душанбе «Ирфон» 2012. 302 с.

6. Шамсов И.С. Рынки труда и образовательных услуг: особенности развития и механизм взаимодействия. Монография. Душанбе «Ирфон» 2012. 152 с.

7. Асоев М., Мўҳсинов Д., Одинаев И., Зокиров З, Раҷабов ҷ. Асосҳои информатика ва технологияи компютерии муосир (васоити таълимӣ) Душанбе-2012. 170 с.

8. Мўҳсинов Д.С., Мусинов А.С., Забони нишонагузории аломатҳо HTML.(васоити таълимӣ).-Душанбе-2012. 158 с.

9. Шамсов И.С., Норов Х.Ғ., Мўҳсинов Д.С. Дастури таълимӣ барои корҳои лабораторӣ аз фанни системаҳои ахборӣ дар иқтисодиёт. ДМТ, Душанбе-2013. 25 саҳ.

10. Шамсов И.С., Норов Х.Ғ., Мўҳсинов Д.С. Дастури таълимӣ барои корҳои лабораторӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ. ДМТ, Душанбе-2013. 35 саҳ.

11. Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт. Васоити таълимӣ.- Раҳимов Ф.С. Душанбе-2013. 150с.

12. Норов Х.Ғ. ҳимояи иттилоот дар шабакаҳои компютерӣ. Дастури таълимӣ барои корҳои лабораторӣ. -Душанбе, 2017 С. 100-с.

13. Норов Х.Ғ., Киличева М.М. Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт. Васоити таълимӣ.- Душанбе, 2017. – 320 с.

14. Шамсов И.С.,Норов Х.Ғ.,Юсупов Ш.Н., Саидова Ш.С. Асосҳои таъмини амнияти иттилоотӣ. Васоити таълимӣ.- Душанбе, 2017. – 200 с.