ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

ТАРБИЯ ⇒ Шӯрои кураторон
Шӯрои кураторон
Шӯрои кураторони факултети иқтисод ва идора ҳамчун Шӯрои ҷамъияти фаъолияти худро дар асоси Низомномаи Шӯрои кураторони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз чониби ректори донишгоҳ тасдиқ карда шудааст ва нақшаи чорабиниҳои Шӯрои кураторони факултети иқтисод ва идора, ки аз ҷониби садорати факултет тасдиқ гардидааст ба роҳ мемонад. Фаъолияти Шӯрои кураторон мувофиқи нақшаи кории тасдиқгардида, асосан масъалаҳои ташкили ва таълимӣ
-тарбиявиро фаро мегирад.
Дар бахши корҳои ташкили ва таълими тарбиявӣ Шӯрои кураторон масъалаҳои зеринро амали мегардонад:
тартиб додани нақшаи кории Шӯрои кураторон;
ташкил ва гузаронидани ҷаласаи Шӯрои кураторон;
иштирок намудан дар чорабиниҳои донишгохи якҷоя бо сарпарастони гурӯҳҳои академӣ;
ташкили экскурсияҳо ба ҷойҳои таърихӣ(якҷоя бо сарпарастони гуруҳҳои академӣ);
ташкил намудани семинари таълими-тарбиявӣ дар мавзуҳои мубрами рӯз;
таҳлили ҷамъбасти ҳафтаи назорати ва самараи кори сарпарастони гуруҳҳои академӣ;
кӯмак дар раванди таълим дар факултет барои донишҷӯёни курси якум;
Инчунин Шӯрои кураторон чун созмони ёрирасон дар бахши таълим ва тарбия метавонад дар санҷиш ва имтихонхо якҷоя бо сарпарастони гуруҳҳои академи иштирок намуда, аз натичааш ба садорати факултет хулоса пешниҳод намояд.