ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

ТАРБИЯ ⇒ Шӯрои олимони ҷавон
Шӯрои олимони ҷавон
Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети иқтисод ва идора фаъолияти худро дар асоси «Низомномаи Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони ДМТ», ки аз ҷониби ректори донишгоҳ тасдиқ гардидааст ба роҳ мемонад. Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон созмони ҷамъиятӣ буда, бо фармони ректори Донишгоҳ дар назди Раёсати илми-тахқиқотӣ ташкил карда шудааст. Шӯро дар хайати олимони ҷавони то сини 35-сола ташкил карда мешавад, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни илмӣ ба омузиш ва таҳқиқот машғул мебошанд. Шӯрои олимони ҷавони факултети иқтисод ва идора дар асоси нақшаи кори солона, ки аз тарафи декани факултет тасдиқ мегардад, фаъолияти худро ба роҳ мемонад. ҷаласаи Шӯрои олимони ҷавон моҳе як маротиба бо иштироки декани факултет ва аъозоёни Шӯро баргузор мегардад. Сохтори Шӯрои олимони ҷавон аз Раис ва аъзоёни он иборат буда, Раиси он дар ду сол як маротиба бо пешниҳоди декани факултет аз тарафи Ректори донишгоҳ таъин мегардад. Шӯро дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
муттаҳид намудани қувваи эҷодии олимони ҷавон ва муҳақкиқон баҳри ҳалли масъалаҳои муҳими илмӣ;
беҳтар намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони ҷавон бо воситаи мизи мудаввар, семинарҳо, конференсияҳо ва нашри натичаи корҳои илмии онҳо;
мукаммалгардонии иштироки олимони ҷавон дар лоиҳаҳои татқиқотӣ, грантҳо, озмунҳо ва тачрибаомузиҳо;
ҳамкори бо Шӯрои олимони ҷавони дигар факултетҳо;
коркард ва амали намудани чорабиниҳои илмӣ баҳри беҳтар намудани фаъолияти илмии олимони ҷавон ва монанди инҳо.