ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

ТАРБИЯ ⇒ Шӯрои занон
Шӯрои занон
Шӯрои занони факултети иқтисод ва идора аз соли 1950 инҷониб кор ва фаъолият мекунад. Дар Шӯрои занони факултет, дар соли таҳсили 2017-2017 зиёда аз 400 нафарро донишҷудухтарон ва 12 нафари дигарро коргарон ташкил медиҳанд, ки аз он 4 нафарашон номзадхои илмҳои иқтисод ба шумор мераванд. Шӯрои занон дар асоси Низомномаи бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 06.02.2009 амал мекунад. Шӯрои занони факултети иқтисод ва идора дар тамоми корҳои ташкилию чорабиниҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати донишгоҳ, садорати факултети иқтисод ва идора ба нақша гирифта мешавад фаъолона иштирок мекунад. ҳатто чорабиниҳое, ки дар саҳти ҷумҳуриявӣ аз қабили пешвозгирии ҷаноби Олӣ ва дигар намояндагони давлатӣ, корпусҳои дипломатии давлатӣ, баргузор мегардад духтарони факултет сарбаландона иҷро мекунанд. Шӯрои занон дар асоси нақшаи кори солона фаъолияти худро пеш меберад. Мувофиқи нақшаи корӣ моҳе як ё ду чорабини аз тарафи Шурои занон гузаронида мешаванд. Чорабиниҳо дар дохили шаҳр, донишгоҳ ва факултет пешбинию гузаронида мешаванд.
Вазифаи Шӯрои занон аз инҳо иборат аст:
1. назорати қатъӣ бурдан аз рӯи одоби хамидаи духтарон дар факултет;
2. назорат аз руи сессияи санҷишию имтиҳонии духтарони факултет;
3. ба ҳисоб гирифтани духтарони тибқи квотаи Президентӣ ва назорат бурдан аз рӯи одоб ва таҳсилоти онҳо;
4. назорати иҷро кардани қарори мушовараи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди истифода набурдани телефонҳои мобилӣ, мошинҳои тамғаҳои гуногун, маъводҳои дарсӣ аз ҷумла ҷуъздон, дафтар, ручка ва ғ. сару либоси тозаи беурёни донишҷӯӣ, тамоку накашидан ва ғ.
5. назорат аз рӯи хобгоҳҳои тибқи квотаи Президентӣ, ятимон ва дигар хобгоҳҳое, ки духтарони факултет дар онҳо ҷойгиранд;
6. ҳангоми дохилшавӣ ва баъд аз дохилшавӣ ҷо кардани духтарон бо хобгоҳҳо ва фаҳмонидани тартиботи дохилии факултет ва хобгоҳ;
7. ташкил кардани вохуриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони чангу меҳнат ва шахсиятзанҳои ҷумҳурӣ;
8. пешниҳод оиди ҳавасмандгардонии духтарони факултет нисбати кору хониши фаъолонаи духтарон.
Дар ободонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети иқтисод ва идора саҳми духтарони иқтисодчӣ хеле назаррас аст.